Баргузории чорабиниҳои гуногуни варзишӣ бахшида ба Рӯзи варзишгарон

Бахшида ба Рӯзи варзишгарон – 10 август дар ноҳия бо ташаббуси бахшикор бо ҷавонон ва варзиш як қатор чорабиниҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ баргузор гардид.

Аз ҷумла дар толори варзишии мактаби варзишии ноҳия дар деҳаи Қиёт мусобиқаи варзишӣ аз намуди Гуштини миллӣ баргузор гардид, ки дар он 80 нафар варзишгар аз рӯйи 8 категорияи вазн - аз 20 то 66 кг бо ҳам қувваозмоӣ намудаанд.

Ғолибони мусобиқа аз тарафи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия бо медал ва диплом сарфароз гардонида шуданд.

67727913_660633917788240_3876621435371782144_n.jpgИнчунин бахшида ба ин сана дар толори варзишии Ҷамоати шаҳраки Қубодиён мусобиқаи варзишӣ аз намуди Таэквондо (ИТФ) баргузор гардид.

Дар ин мусобиқа 10 нафар варзишгар аз рӯйи 10 категорияҳои вазн - аз 20 то 68 кг бо ҳам қувваозмоӣ намудаанд.
Ғолибони мусобиқаи мазкур низ бо медал ва диплом сарфароз гардонида шуданд.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.