
Дар даври даҳуми Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи 2 вилояти Хатлон вохӯрии дастаи “Пахтакор”-и ноҳия ва “Арал”-и ноҳияи А. Ҷомӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳия баргузор гардид.
Дар дақиқаҳои аввали қисмати якуми бозӣ футболбозон зоҳиран бозии якдигарро омӯхта, ҳисоби бозиро то охир мусовӣ – 2:2 анҷом доданд.
Дари ин қисмати бозӣ голҳоро ба дарвозаи ҳариф Фаршед Ҳасанов ва Азамат Юсупов ворид намуданд. Дар қисмати ҷавобан ба як голи дастаи “Арал” дастаи “Пахтакор” се голро ба ҳадаф росинида, ҳисоби умумии бозӣ 5:3 ба фоидаи “Пахтакор” анҷом ёфт.
Қарор аст дастаи “Пахтакор” бозии навбатии худро бо дастаи “Вазши зарнисор”-и ноҳияи Вахш анҷом диҳад.