БА ЁДИ ОЛИМ ВА ИНСОНИ БУЗУРГ – МУҲАММАД ОСИМӢ
Олимон чун равшангари ҷомеа ҳамеша дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёт, аз ҷумла иқтисод, сиёсат ва фарҳанги давлату миллат саҳми арзанда мегузоранд.
Миллати моро дар тӯли таърих ҷаҳониён маҳз маҳз ба туфайли осори гаронбаҳои олимону адибонаш мешинохтанд. Дар ҳамаи давру замонҳо олимону адибони тоҷик машъалафрӯзи ҳаёти мардум буданд ва роҳи
тараққию созандагиро мунаввар месохтанд. Ҳам дар замони шӯравӣ ва ҳам дар давраи соҳибистиқлолӣ низ олимон дар хизмати халқу ватани худ буданд ва ҳастанд. Онҳо ҳамеша барои пешрафту тараққӣ, беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва болоравии эътибори кишварамон дар сатҳи байналхалқӣ кушиш менамоянд.
Яке аз чунин нафарон олими маъруф ва шинохтаи тоҷик, академик Муҳаммад Осимӣ буданд, ки муддати 23 сол вазифаи Президенти Академияи илмҳои кишварро ба зимма доштанд. Роҳашон ба илм баъди хотима ёфтани Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки 5 сол худи ӯ дар ҷабҳаҳои он иштирок дошт, оғоз гардидааст. Муҳаммад Осимиро дар давоми панҷ соли иштирок дар набардҳои хунин фашистони истилогар кушта натавонистанд ва ӯ ҳамчун яке аз қаҳрамонҳои он ҷанг ба Ватан баргашт, вале аз дасти ҳамватанони ҷоҳилу бадхоҳони миллаташ ба қатл расид.
Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ, ки аъзо-корреспонденти Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, аъзои ҳақиқии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми фалсафа, профессор буд, дар тӯли ҳаёти пурбаракати худ тавонист барои рушд ва нумуи соҳаҳои мухталифи илм мусоидат намояд ва саҳми арзандаашро гузорад.
М.Осимӣ 1-уми сентябри соли 1920 дар шаҳри Ленинободи (ҳоло Хуҷанд) вилояти Суғд таваллуд шудааст. Солҳои 1934-1937 дар рабфаки хоҷагии деҳоти шаҳри Ленинобод таҳсил кардааст. Сипас таҳсили худро дар шуъбаи физикаю математикаи Донишгоҳи давлатии ба номи Алишер Навоии шаҳри Самарқанд идома дода, онро дар соли 1941 бомуваффақият хатм менамояд.
Аз соли 1941 то соли 1946 дар хизмати аскарӣ буд ва панҷ соли Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар сангарҳои набард зидди истилогарони фашистӣ қарор дошт. Замоне зинда буд, аз ҳаёти ҷангии худ қиссаҳои ҷолибу омӯзандае мекард.
Муҳаммад Осимӣ баъди баргаштан аз хизмати ҳарбӣ фаъолияти кории худро дар Институти педагогии ба номи С.М. Кирови шаҳри Ленинобод оѓоз намуда, дар вазифаҳои мудири кафедраи физика ва ниҳоят ҷонишини директор оид ба корҳои илмию таълимӣ кор мекунад.
Солҳои 1952-1955 дар аспирантураи Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии назди КМ ҲКИШ таҳсил намуда, дар соҳаи фалсафа рисолаи номзадӣ ҳимоя мекунад.
Муҳаммад Осимӣ соли 1966 нахустин ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (Институти политехникии Тоҷикистон) таъин шуда, дар рушду нумуи ин боргоҳи илм хизматҳои шоиста кардааст. Соли 1965 президенти Академия илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст. Ӯ дар тарҷумаи тоҷикии китобҳои дарсии физика, геометрия, астрономия, асосҳои фалсафа низ хизмати босазое кардааст.
Ҳамзамон Муҳаммад Осимӣ ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ низ буданд. Осимӣ дар давоми фаъолияти ҷамъиятии худ вакили Шӯрои Олии ИҶШС, аъзои КМ Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, раиси Кумитаи давлатии ҷоизаи ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Раиси ҷамъияти «Дониш» -и ҷумҳурӣ, раиси Кумитаи шӯрои омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказӣ дар назди ЮНЕСКО, аъзои хориҷии ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Таърихи илми араб»-и Донишгоҳи шаҳри Ҳалаби Сурия буданд. Осимӣ дар авҷи камолоти илмӣ буд ва корҳои нотамоми зиёде дошт. Нақшаҳои созандаи вай дар соҳаи илму маърифат бояд барои пешрафти кишварамон хизмат мекарданд. Аммо душманони миллати тоҷик бо анҷом додани амали нангини худ нагузоштанд, ки орзуҳои ин олими забардаст амалӣ гарданд.
Субҳи 27-уми июли соли 1996 вақте ба кор рафтан, ин олими шинохтаю тавоно дар роҳ аз ҷониби нохалафони наҳзатӣ - душманони тоҷику тоҷикистонӣ бо шеваи ниҳоят бераҳмона ва тарсуёна кушта шуданд. Куштани Осимӣ ин куштани илму дониш, нобудсозии маърифату пешрафт буд. Чанд сол пеш мақомоти ҳифзи ҳуқуи Тоҷикистон муайян ва исбот карданд, ки ин ҷинояти мудҳиш кори дасти террористони наҳзатист. Ба ақидаи мо, қотилони наҳзатӣ бо нобуд кардани ин олими қудратманди тоҷик чанд ҳадаф доштанд:
- бо куштани Осимӣ душманони миллати тоҷик, ки аѓлабашон ҳаводори исломи сиёсӣ буданд, мехостанд, ки рушду нумуи илм ва фарҳангро дар кишвар боздоранд ва ба ифротгароии худ роҳ кушоянд;
- бо қатли ин олими забардасту тавоно террористони наҳзатӣ, ки душмани аслии илму маърифат ҳастанд, умед доштанд, ки мардум ва хусусан равшанфикрону озодандешонро тарс медиҳанд;
- бо нобуд сохтани Осимӣ ҷоҳилону худбохтагони наҳзатӣ хостанд мардуми тоҷикро ба нестӣ баранд, чунки вақте илму олимро дар ҷомеа беқадру хор месозӣ, худ ба худ ҷомеа нест мешавад.
Аммо террористони наҳзатӣ ба ҳадафҳои нопоки худ нарасиданд, чунки рӯҳияи озодихоҳона, маърифатпарастӣ ва тараққиписандии мардуми моро шикаста натавонистанд. Балки худи онҳо маҳву забун гардиданд.
Имрӯз дар кишвар ба шарофати сиёсати дурусту оқилонаи Сарвари давлат илму дониш рушд мекунад, садҳо осимиҳои нав ба воя расида истодаанд, ки дар оянда барои рушду нумӯи илмӣ тоҷик саҳми назаррас хоҳанд гузошт.
Корнома ва ташаббусҳои Осимиро олимону равшангарони тоҷик идома медиҳанд. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон хидматҳои беназир ва шоистаи Муҳаммад Осимиро қадр карда, соли 1997 Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба номи гузоштаанд. Ҳамин тавр, хотираи неки Муҳаммад Осимӣ дар қалбҳои мардуми Тоҷикистон абадӣ мемонад.
Фаридуни Ориёӣ, коршиноси умури сиёсӣ
Бознашр аз рӯзномаи “Омӯзгор”, №30 аз 25.07.2019с.