
Имрзӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотии раиси ноҳия баргузор гардид. Дар нишаст раиси ноҳия муҳтарам Зафар Файзуллозода оид ба фаъолияти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар зарфи шаш моҳи соли равон ҳисобот дода, ба саволҳои рӯзноманигорон оид ба масоили гуногуни рӯзмарра ва фаъолияти соҳаҳо посухҳои мушаххас дод.