РАФТИ МУСОБИҚАҲОИ ВОЛЕЙБОЛ ДАР ЗАРКАМАР

Рӯзи 25 июли соли 2019 дар майдони варзишии муассисаи таълимии  №13, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Заркамар мусобиқаи варзишӣ  оид ба “Волейбол” байни дастаҳои ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия бо иштироки ҷавонону калонсолони аз 14 то 30 сола дар байни беш аз 120 нафар варзишгарону мухлисон ташкил карда  шуд.

222.pngМарҳилаи якуми  мусобиқа аз  28 июни соли 2019 оғоз гардида, то 10 сентябр идома меёбад.

Мусобиқаи мазкур дар асоси фармоиш ва Низомномаи Кумитаи кор бо ҷавонон  ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 июни соли 2019 №177-в “Дар бораи баргузории мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол байни деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот” доир гашта, мақсади асосии он  тарғиби васеи варзиш дар деҳоти кишвар ва ҷалби ҷавонону наврасони деҳот ба волейбол, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ миёни ҷавонону наврасони деҳот ва дарёфти чеҳраҳои нави варзишӣ барои иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ арзёбӣ  мегардад.

Ғолибон  аз тарафи бахши кор бо ҷавонон  ва варзиши ноҳия  бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдони карда мешаванд.

 Марҳилаи  дуюми мусобиқа  аз 10 сентябр оғоз ёфта, то 16 ноябри  соли 2019  идома меёбад.

Миёна: 5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.