Имрӯз таҳти раёсати муовини раиси ноҳия, раиси Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба муқовимат бо коррупсия Тоҷинисо Шарипова ҷаласаи нимсолаи Комиссия баргузор гардид.
Дар ин ҷаласа ҳисоботи котиби Комиссия дар мавриди фаъолияти нимсолаи он шунида шуд. Котиби Комиссия оид ба рафти иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои Комиссия гузориш дод.
Дар рафти ҷаласа аз аъзои Комиссия даъват карда шуд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтии бандҳои нақшаи чорабиниҳо фаъолиятро пурзӯр намуда, аз натиҷаи иҷроиши онҳо ба Комиссия маълумот пешниҳод намоянд.