Дар маркази ноҳия даври дуюм – даври ноҳиявии нахустин мусобиқи ҷумҳуриявии оид ба шоҳмот ҷиҳати дарёфти “Ҷоми Пешвои миллат” баргузор гардид.
Дар ин мусобиқа, ки беш аз 100 нафар иштирок дошт, ки иштирокчиён дар доираи синну сол ва ҷинс байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Дар ин даври бозӣ дар байни наврасони то 14-сола 4 нафар, аз 15 то 30-сола 8 нафар, аз 31-сола боло 6-нафар ғолиб дониста шуда, ба даври сеюм роҳхат ёфтанд.
Ғолибон аз тарафи бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия мукофотонида шудаанд.
Гуфта мешавад, мусобиқаи ҷумҳуриявии оид ба шоҳмот барои дарёфти “Ҷоми Пешвои миллат” барои нахустин бор бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.