Имрӯз дар асоси амри раиси вилояти Хатлон аз 5 июли соли 2019, №22 Дар бораи санҷиши байниҳамдигарии шаҳру ноҳияҳо ҳайати гурўҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ бо роҳбарии раиси ин ноҳия Ғафурзода Мусо Зариф ба Қубодиён ташриф овард.
Меҳмононро дар даромадгоҳ раиси ноҳия истиқбол намуда, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо масъулин вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Гурӯҳи кории ноҳияи Восеъ тибқи супориши амри мазкур аз фаъолияти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия дидан намуда, аз натиҷаи санҷишу омӯзиши худ дар назди раисони ноҳияҳои Қубодиёну Восеъ ва фаъолони ноҳия гузориш доданд.
Изҳор гардид, ки дар рафти санҷиш ҷонибҳо табодули таҷриба намуда, фаъолияти пешқадами якдигарро аз худ намуданд.
Аз ҷумла қайд гардид, ки фаъолияти соҳаи кишоварзии ноҳия қобили ибрат буда, таҷрибаи кишоварзони Қубодиён дар кишту кори маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ пешқадам мебошад.