АЁДАТИ СОБИҚАДОР

Раиси ноҳияи Қубодиён муҳтарам Зафар Файзуллозода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи шароит ва зист ба аёдати собиқадори меҳнат – Турсунова Маҳбуба рафт.

Турсунова Маҳбуба собиқаи кории 43-сола дошта, замони азхудкунии заминҳои Ҷамоати деҳоти Тахти Сангин дар солҳои 1940-50-ум соҳмгузор будааст.

Ин бонуи собиқадори меҳнат зимни суҳбат бо раиси ноҳия аз он изҳори сипос намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хизмати онҳоро дар рушду пешрафти хоҷагии халқ қадрдонӣ намуда, пайваста масъулон аз ҳоли онҳо бохабар мебошанд.

Собиқадори меҳнат таъкид намуд, ки ҳар нафарро зарур аст, ки шукронаи сулҳу оромӣ намуда, баҳри гулгулшукуфии Ватан, ободии диёр ва сарсабзию хуррамии мамлакат саъйю талош намуда, дастуру супоришҳои Пешвои миллат – Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин самт сармашқи кори худ қарор диҳанд.

Раиси ноҳияи Қубодиён изҳор дошт, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат ҳамеша хизматҳои шаҳрвандонро қадрдонӣ намуда, ҳеҷ як амали хайр дар роҳи рушду пешрафти мамлакат фаромӯш нахоҳад шуд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дастгирии шахсони хизматнишондода, қишри ниёзманди аҳолӣ ва касони якаву танҳоро дар мадди аввал гузошта, дар самти боло бурдани сатҳи некуаҳволии сокинон пайваста талош меварзад.

Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ин собиқадори меҳнат кумаки яквақтаинаи моддӣ расонида шуд.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.