Бо мақсади иҷрои амри раиси виояти Хатлон аз 5 июли соли 2019, №22 дар мавриди санҷиши байниҳамдигарии шаҳру ноҳияҳо, ҳайати гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти роҳбарии раиси ноҳияи Зафар Хайрулло тибқи ҷадвали тасдиқгардида ба ноҳияи Фархор сафар намуд.
Гурӯҳи кории ноҳияро дар даромадгоҳи ноҳияи Фархор раиси ин ноҳия Рустам Раҳматзода истиқбол намуда, барои фаъолияти гурӯҳи корӣ шароит муҳайё намуд.
Гурӯҳи кории ноҳияи Қубодиён дар асоси масъалаҳои пешниҳодгардида бо фаъолияти хоҷагии халқи Фархор шиносоӣ пайдо намуда, таассуроти бардоштаи онҳо дар як ҷаласа бо ишитроки масъулон ва фаъолони ноҳияи Фархор мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар ин вохӯрӣ закр гардид, ки ҳадаф аз ташкили санҷишҳои байниҳамдигарӣ, пеш аз ҳама, табодули таҷритаи корӣ, омӯзиш ва азхудкунии дастовардҳои ҳамдигар ва ислоҳи камбудиҳо дар фаъолияти соҳаҳо мебошад.
Гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тавсияҳои худро ба ҳамтоёни худ аз ноҳияи Фархор пешниҳод намуда, иброз доштанд ,ки дар ин сафар барои худ бардошти наверо соҳиб шуданд.
Тибқи ҷадвали пешниҳодгардида дар даври дуюми санҷишҳои байниҳамдигарӣ қарор аст санаи 19 июл гурӯҳи кории ноҳияи Восеъ ба Қубодиён сафар намояд.