Дар марҳилаи аввали таъмир ва сохтмони роҳи дохилии Ҷамоти деҳоти Тахти Сангин 195 000 сомонӣ маблағ ҷудо гардида, корҳои мумфаршкунӣ ва азнавсозӣ дар ин китъа идома дорад.
Таъмири қитъаи роҳи мазкур, ки тибқи Стратегияи рушди сайёҳӣ барои то давраи соли 2030 сурат мегирад, бо мақсади бунёди роҳ то мавзеи ҷойгиршавии ёдгории таърихии Тахти Сангин мебошад, ки дар минтақаи сарҳадӣ ҷойгир аст.
Соҳибкорони маҳаллӣ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар бунёди ин инфрасохтори сайёҳӣ саҳмгузорӣ менамоянд.
Сокинони Ҷамоати деҳоти Тахти Сангин Давлатов Олимҷон бунёди ин роҳро барои рушди соҳаи туризми ноҳия муҳим арзёбӣ намуда, дар пешрафти ин амри хайр ба маблағи 85 ҳазор сомонӣ саҳмгузорӣ намуд.
Сокини дигари ин ҷамоат Ёров Маҳмадалӣ низ барои идомаи таъмири 2,5 км қитъаи роҳи мазкур 110 ҳазор сомонӣ харҷ намуд.