Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар шаш моҳи аввали соли равон баргузор гардид.
Доир ба вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳия дар нимсолаи якум муовини раиси ноҳия Тоҷиев Алӣ гузориш дод.
Дар асоси гузориш раиси ноҳияи Қубодиён муҳтарам Файзуллозода Зафар аз масъулин пурсиш ба амал оварда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва иҷрои вазифаҳои навбатӣ супоришҳои дахлдор дода шуд.