Раиси ноҳияи Қубодиён муҳтарам Файзуллозода Зафар хонандаи муассисаи таълимии №48 Ҷумаев Собитро, ки дар даври вилоятии озмуни хонандаи сол иштирок намуда, соҳиби ҷойи якум гардид, дар ҳузури фаъолони ноҳия барои ин дастоварди арзандааш қадрдонӣ намуд.
Раиси ноҳия қайд намуд, ки чунин дастовардро хонандагони ноҳия тайи чанд соли охир бори аввал соҳиб шудаанд ва масъулини соҳаро зарур аст, ки баҳри тақвияти дониши хонандагон, баланд бардоштани сатҳу сифати дониш ва таълим тамоми чораҳоро андешанд.
Гуфта шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба рушди соҳаи маориф таваҷҷӯҳи хоса дода, тамоми чораҳоро ҷиҳати тарбияи кадрҳои баландихтисос амалӣ менамояд.
Ёдовар мешавем, ки хонандаи синфи 10-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 дар даври вилоятии озмуни хонандаи сол дар вилояти Хатлон соҳиби ҷойи якум гардид.
Ҷумаев Собитҷон дар даври ноҳиявии озмун, ки моҳи майи соли равон баргузор гардида буд, ҷойи дуюмро ишғол намуда, соҳиби роҳхат ба даври минтақавӣ – минтақаи Бохтари вилоят гардид.
Дар ин давр хонандаи муассисаи таълимии №48 Ҷумаев Собитҷон мақоми 3-юмро ба даст оварда, ба даври вилоятӣ роҳ ёфт ва ғолиби мутлақ гардид.
Бар замми ин Ҷумаев Собитҷон сол равон дар озмуни фаннии даври вилоятӣ аз фанни забон ва адабиёт иштирок намуда, мақои сеюмро соҳиб гашт.
Инчунин Ҷумаев Собитҷон гирандаи стипендияи Пезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, тайи се соли охир шогирди Маркази дарёт ва рушди истеъдоди ноҳия мебошад.