Хонандаи синфи 10-уми муассиаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 дар даври вилоятии озмуни хонандаи сол дар вилояти Хатлон соҳиби ҷойи якум гардид.
Ҷумаев Собирҷон дар даври ноҳиявии озмун, ки моҳи майи соли равон баргузор гардида буд, ҷойи дуюмро ишғол намуда, соҳиби роҳхат ба даври минтақавӣ – минтақаи Бохтари вилоят гардид.
Дар ин давр хонандаи муассисаи таълимии №48 Ҷумаев Собирҷон мақоми 3-юмро ба даст оварда, ба даври вилоятӣ роҳ ёфт ва ғолиби мутлақ гардид.
Бар замми ин Ҷумаев Собирҷон соли равон дар озмуни фаннии даври вилоятӣ аз фанни забон ва адабиёт иштирок намуда, мақоми сеюмро соҳиб гашт.
Инчунин Ҷумаев Собирҷон гирандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, тайи се соли охир шогирди Маркази дарёт ва рушди истеъдодҳои ноҳия мебошад.