ОМОДАГИИ ЗОИРИН БА МАВСИМИ ҲАҶ

Дар мавсими «Ҳаҷ-2019» аз ноҳияи Қубодиён 91 нафар (нисбат ба соли гузашта30 нафар камтар) роҳии хонаи Худо хоҳанд шуд, ки аз онҳо 36 нафарашон занонанд.

Ҳарчанд талабгорони зиёрати хонаи Худо назар ба солҳои қаблӣ ба маротиб афзудааст, аммо меъёрҳои муайяннамудаи давлати Арабистони Саудӣ имкон намедиҳад, ки шумораи бештар сафар кунанд. Аз ин рӯ, хоҳишмандоне, ки шароити ба ҷо овардани фаризаи Ҳаҷ доранд, ба рӯйхат гирифта дар навбат гузошта мешаванд. Айни замон тибқи аризаи пешакӣ 400 нафар сокинони синашон аз 40 сола боло дар навбат истодаанд. То имрӯз қабули ҳуҷҷатҳои довталабон - ҳаҷравандагон ба анҷом расида, барои хизматрасониҳо маблағи муайянгардида 35 ҳазору 128 сомонӣ пардохт гардидааст. Зоирин барои таъмини саломатии худ аз муоинаи духтурони баландихтисос низ гузаштаанд. Бо назардошти шароити мураккаби кишвари мизбон, махсусан ҳавои аз ҳад зиёд гарм барои ҳар гурӯҳ роҳбаладон аз ҳисоби мардон интихоб гардиданд. Давоми ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе аз тарафи мудири бахши дин, сархатиб ва имомхатибон, ки қаблан ба зиёрати хонаи Худо мушарраф шудаанд, дарсҳои омодагӣ гузаронида мешавад. Зикр намудан ба маврид аст, ки сокини деҳаи Ахча бобои Ҳоҷи Муҳаббат Маҳмадов бо нияти дафъаи дуюм зиёрати хонаи Худо аз ҳисоби маблағҳои пасандоз намудааш масофаи 1км роҳи байни деҳаро мумфарш намуд. Ду нафар зан аз сокинони деҳаи Арабхона Қурбонназарова Мамлакат бо маблағи 30 ҳазор ва Марям Ёрматова бо харҷи 20 ҳазор сомонӣ аз болои наҳри калон ба самти маҳаллаҳояшон пули мошингузар сохтанд. Аз ҳисоби ҳаҷравандагон ба сокини ҷамоати деҳоти 20 солагии Истиқлол Набиева Давлатмоҳ барои таъмири манзили зисташ 3 ҳазор сомонӣ кӯмаки яквақтаина расонда шуд. Ҳамзамон аз ҳисоби иттиҳодияҳои динӣ ба Раъно Ҳасанова бо мақсади ба табобат фаро гирифтани духтараш Заррина, ки маъюби гурӯҳи 2-юм аст, 2 195 сомонӣ дасти ёрӣ дароз карда шуд.

                                                                                                                                                                                                 “Тахти Қубод”

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.