Чуғз парандаест, ки табиаташ вайронаро дӯст дошта, ҳар ҷое, ки садояш баланд шавад он ҷо ё вайрона мешавад, ё аллакай вайрона аст. Ҳамин аст, ки образи ин паранда бо вайронию танҳоӣ тавъам буда, ҳамчун образи манфӣ дар ҳаёт муаррифӣ мешавад. Ёдоварӣ дар ин матлаб аз чуғз бесабаб нест, зеро мушоҳидаи равандҳои рӯзҳои охир вобаста ба фаъолияти хоинони ғарибгаштаи ватанфурӯш аз мулкҳои ғарибӣ ба мисли ҳамин нолаи чуғз аст, ки ҳаргиз аз ободӣ шод нестанд ва ҳар гаҳе, ки нишонае аз ноҷурӣ пайдо шавад, бо садои нафратовари худ аз ҳастиашон дарак медиҳанд.
«Намоишҳои эътирозӣ»-е, ки ин нохалафон имрӯзҳо ба гуфтаи худ дар кишварҳои Аврупо ташкил карда истодаанд, намунаи пасттарини рафтори шахсиятест, ки худро ва тамоми касифии худро нишон дода истодааст. Ба кӯча баромадани якчанд нафар «шаурмахуроне», ки аллакай Аврупо ҳам онҳоро шинохтааст, амали чуғзи танҳоеро мемонад, ки ҳамагон аз ӯ безоранд.
Бо талаби адолат ба кӯча мебароянду худ намедонанд, ки кадом адолатро мехоҳанд. Ошӯби маҳбасро шиор кардаанду, фаромӯш мекунанд, ки ҷиноят худ нишонаи поймол кардани адолат асту ҷинояткор барои ноадолатии содиркардааш дар зиндон аст. Агар фаъолияти ДОИШ ва ҷонибдорони он, ки амалҳои ҷинояткоронаи худро ҳатто ба таври даҳшатангез дар маҳбас идома доданд, бо адолатона бошанд, пас ин нохалафон худ низ аз ҷонибдорони ДОИШ ҳастанд, ки ваҳшонияти онҳо ҷаҳонро ба ларза даровардааст. Борҳо дар бораи ягонагии ғоявии ҲНИ бо ДОИШ навишта буданд, имрӯз бори дигар боварӣ ҳосил кардам, ки воқеан ҳам ин ҳарду аз як сарчашма об мехӯранд, фақат фарқият дар он аст, ки яке домани хунолуди худро ба ҷаҳон паҳн карду, дигареро сари вақт саркуб карданд. Ин нохалафон агар имрӯз симои худро авпуроӣ карда бошанд ҳам, ботинашон ташнаи хун асту, вақти муносиб меҷӯянд. Инҳо моранд, аждаҳоанд, ки барои туъмаи худ аз ҳар зовияе ва ба ҳар ранге пайдо мешаванд…
Вагарна, наход ки сарбурии руйиростро ҷонибдорӣ кунию, барои он боз талаби адолат намоӣ??!!
Ман намефаҳмам, тақдири ошубгарон барои онҳо муҳим аст ва ё қурбониёне, ки як вақт бо ин касифон ҳамсафу ҳаммаром буданд. Ба фикрам на Махсуми Саттору на Эшони Қиёмиддин барои онҳо дигар арзише надоштанд, зеро бо картаи онҳо дигар бозӣ кардан нахостанд. Агар арзише медоштанд, пас онҳо бояд ба муқобили ДОИШ-у доишиён садо баланд мекарданд, на Ҳукумат. Ин амалҳо бори дигар собит намуда истодаанд, ки ин чуғзон адолатро не, супориши хоҷагони худро бар ивази шаурмаи навбатӣ иҷро карда истодаанд. Шумо мехостед, ки Ҳукумат қарор шинаду тамошобин шавад, ки ин лаънаткардаҳо ҳамаро сар буранд? Шумо дар бораи кадом музокирот гап мезанед, вақте, ки нафарони ба музокирот даъваткунандаро дар пеши чашми ҳама сар буриданд. Шумо аз онҳо дифоъ мекунед, зеро онҳо ҳаммаслакони шумо хастанд. Шумо яке аз онҳоед, ки зиндон бароятон гиря мекунад!!!
Ҳайфи Шумо, ки қиматтарин чиз - номусатонро фурӯхтаеду, ба аҷуза худро мубаддал гардонидаед. Ин аст, ки амалатон хандаовар ва нафратовар буда, ҳама аз Шумо дур карда истодаанд. Девонаеро мемонед, ки дар шиддати дард худро рӯю мӯй меканад ва баъди паст шудани шиддат аз амали кардаи худ ранҷ мекашад. Аврупоро сарпаноҳ мегуфтеду, дар изҳороти охирини худ Эронро ба тарсуӣ муттаҳам мекардед. Бо тафохур иброз кардед, ки Аврупо шуморо пазируфтаасту Эрон не. Акнун боварӣ дорам, ки баъд аз сафари Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск, ки ба қавли чуғзонаи худ барояш «шпаргалка» тайёр карда будед, тарбузатон аз домон афтид. Аврупо низ русиёҳии шуморо дарк кард. Албатта, мехоҳад, ки дар зери остини худ морбача тарбия намояд. Ҳеҷ кас!
Ҳамчун як нафар тоҷик аз Шумо шармам меояд, ки дар симои манфури Шумо як аврупоии оддӣ тоҷикро шинохта истодааст. Афсус, ки симои хоинона ва рафтори ҷоҳилонаи шумо миллатро сарпасту беобрӯ мекунад. Тоҷик доимо далер буд, на шикамқарор, ки подоши амалаш як шаурма бошад! Тоҷик чашмсер буд, на муздуру гадо, ки барои 1 дирҳам зану модари худро бифурӯшад.
Акнун руйдоди охироне, ки дар муносибатҳои Тоҷикистону Эрон ба вуқуӯъ пайвастанд, радди маърака шуда истодаеду ҳама як ба як аз Шумо рӯй гардонида истодаанд. Вой бар ҳоли чуғзонаи Шумо. Акнун ҳамаи таҳмину шубҳаҳои ман вобаста ба «намоишҳо»-и шумо дар хориҷа собит шуда истодаанд. Он рӯз дур нест, ки мисли шайтони лаъин аз ин ҷо низ ронда хоҳед шуд. Ин аст, ки ҳар лаҳза ва ҳар соатро истифода бурда истодаед ва лозим будани худро ба хоҷагонатон собит карданӣ ҳастед. Дониста бошед, ки ҳақиқате, ки шумо талабгораш ҳастед, бӯйи хиёнат мекунад ва хоинро рақиби оқил ҳаргиз дар тими худ намепазирад. Зеро оне, ки муқаддасоти худ – Ватанашро фурӯхтааст, ба ҳеч каси дигар садоқат дошта наметавонад. Аврупо бошад инро қадр мекунад. Зеро барои аврупоӣ фақат аврупоӣ будан ин шараф аст. Хиёнаткор ҳаргиз барои Аврупо лозим нест. Новобаста ба пешрафти худ, Аврупо ҳануз бо консерватизми худ машҳур асту арзишҳои калидиро ҳаргиз аз даст додан намехоҳад.
Имрӯз тоҷикистониёни азиз Иди ваҳдатро дар диёри биҳиштосои худ қайд мекунанд. Дар боғе, ки таронаву овози форам аст, дар гулистоне, ки миёни гулҳои наврустааш ягон хор нест… Зеро он хору он овози чуғзи гӯшхарош аз мулк дуранд, дар Аврупо ҷор мезананд.
Бас аст дигар беномусӣ! Ба худ оед! Фаромӯш накунед: нолаи чуғз ба гӯши касе форам нест…
Санҷар Ҳомидов - коршинос