Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мизи мудаввар дар мавзӯи пешгирии зӯроварӣ дар хонавода баргузор гардид.
Бо мақсади ба кор даровардани механизмҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ва Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014 – 2023 ҷиҳати ошкор кардани сабаб ва шароитҳое, ки боиси содиршавии зӯроварӣ дар оила шудаанд, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва дастгирии Филиали ГОПА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия мизи мудаввар дар мавзӯи “Механизмҳои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба осонии дастрасӣ ба адолат барои ҷабрдидагони зӯроварии хонаводагӣ ва расонидани кумаки ҳамаҷониба ба онҳо” баргузор гардид.
Роҳбари филиали ГОПА дар ҷумҳурӣ Елена Максименко оид ба фаъолияти лоиҳаи пешгирии зӯроварӣ дар оила, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон амалӣ мегардад, маълумот дод.
Ҳамчунин таҳлилгари байналмилалии Филиали ГОПА Виорелия Русу аз таҷрибаҳои кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар самти мубориза бо хушунат ва зӯроварии хонаводаӣ сухан намуда, изҳор дошт, ки дар минтақае, аз ҷумла ноҳияи Қубодиён таъсиси паноҳгоҳ барои қурбониёни хушунат зарур мебошад.
Дар ин вохӯрӣ намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва суди ноҳия ширкат ва оид ба вазъи пешгирии зӯроварӣ, чораандшӣ нисбат ба ҳодисаҳои марбута суханронӣ намуданд.
Муовини раиси ноҳия Шарипова Тоҷинисо зимни суханронии худ изҳор намуд, ки бо мақсади таъмини иҷрои мунтазами Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар ноҳия аз ҳисоби сохторҳои дахлдори ноҳиявӣ гурӯҳи кории ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз 16 марти соли 2018 таъсис дода шуда, фаъолияти он ба воситаи ташкили маҳфилу чорабиниҳои тарғиботӣ ба роҳ монда шудааст.