Дар деҳаи Рӯдақули Ҷамоати деҳоти Заркамар тибқи нақшаи чорабиниҳо гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо сокинон вохӯрӣ анҷом дод.
Дар ин вохӯрӣ масъулин оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, майл ба сару либоси ба фарҳанги мо бегона, ҷинояткорӣ дар байни ҷовонону ноболиғон ва ҷалби сокинон ба корҳои ободонию бунёдкорӣ, сазовор пешвоз гирифтани ҷашнҳои дарпешистода ва дигар масъалаҳои рӯзмарра бо сокинон суҳбат намуданд
Аз ҷумла қай гардид, ки имрӯзҳо дар саросари ҷаҳон амалҳои нопоку зишти гурӯҳҳои террористӣ, экстремистӣ, тундгароиву ифротгароӣ ва дигар амалу рафтори разилонаи гурӯҳҳои ҷиноятпеша ба яке аз мушкилотҳои глобалӣ табдил ёфтааст.
Дар ин вохӯрӣ муовини раиси ноҳия Тоҷинисо Шарипова изҳор дошт, ки гурӯҳҳои ифротгароӣ аз номи поки дини мубини Ислом истифода бурда, хусусан ҷавононро таълимоти бардурӯғи исломӣ дода, онҳоро ба ҳар роҳу восита ба сӯи худ ҷалб намуда, мақсадҳои нопоку зишти худро амалӣ мегардонанд ва ба ин амали худ номи поки Исломро доғдор месозанд.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин масъаларо дар чорабиниҳои сатҳи олӣ аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид борҳо иброз дошта, таъкид бар он намудаанд, ки мақсадҳои ғаразноки ин ҷиноятҳои мудҳиш ҳеҷ умумияте ба дин, хусусан ба дини мубини Ислом надорад ва ба истифода аз номи Ислом ба хотири ғарази сиёсӣ содир карда мешавад.
Ба андешаи вай омили асосие, ки метавонад монеаи шомилшавии ҷавонон гардида онҳоро ба роҳи дурусти зиндаги ҳидоят созад, ин пеш аз ҳама тарбияи дурусти насли раврасу ҷавон дар руҳияи баланди ватандӯстиву меҳанпарастӣ мебошад.