Сокинони ноҳия иди Ваҳдати миллиро бо тантанаҳои ҷашнӣ ва табъи идона пешвоз гирифта, ба муносибати ин санаи тақдирсоз як қатор иншооти ҷашни мавриди истифода қарор дода шуд.
Аз ҷумла дар Ҷамоати деҳоти дурдасти Заркамар мағозаи фурӯши маҳсулоти ниёзи мардум, дар Ҷамоати деҳоти Утақара Назаров коргоҳи дӯзандагӣ, кошонаи ҳусн, маркази хизматрасонии бонкӣ, дар Ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрав пули мошингузар ва толори варзашӣ ва дар Ҷамоати шаҳраки Қубодиён нуқтаи фурӯши маҳусолти ширӣ ва гӯштии тезтайёр бо иштироки раиси ноҳияи Қубодиён ва намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Баъд аз нисфирӯзи дар қасри фарҳанги ноҳия бахшида ба ин санаи муҳими таърихӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Баъд аз садо додани суруди миллӣ раиси ноҳия муҳтарам Зафар Файзуллозода ҳозиринро ба муносбиати Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик намуда, изҳор дошт, ки бо имзо шудани ин созишномаи тақдирсоз дар Тоҷикистон марҳилаи ниҳоят душвору нооромии даврони истиқлолияти кишвар паси сар монда, саҳифаи тозаи таърихи навини давлату давлатдории тоҷикон оғоз гардид.
Лозим ба ёдварист, ки маркази хизматрасонии бонкии “Амонатбонк” дар деҳаи Қаблаи Ҷамоати деҳоти ба номи Утақара Назаров бо ташаббуси филиали №52 Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” дар ноҳия ва дастгирии соҳибкор Қиличов Абдумалик сохта шудааст. Бунёд гардидани маркази хизматрасонии бонкӣ мушкилоти сокинонро дар самти муомилоти пулӣ, аз ҷумла дастрас намудани музди маош, нафақа, интиқоли пул ва дигар муомилоти ба ин соҳа вообаста осон намуда, хароҷоти сокинонро камтар мегардонад. Гуфта мешавад, ин дуввумин Маркази хизматрасонии бонкӣ аст, ки аз тарафи филиали №52 "Амонатбонк" дар ноҳия дар арафаи ҷашнҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Соли гузашта дар Ҷамоати деҳоти Навобод Маркази хизматрасонии бонкии "Амонатбонк" ҳамчун иншооти ҷашнӣ ба истифод дода шуда буд.
Дар идома аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия шахсоне, ки дар корҳои ободонӣ ва бунёдкории ноҳия саҳми назаррас доштанд, бо нишони қадрдонӣ бо сипоснома сарфароз гардонида шуданд.
Дар қисмати идонаи чорабинӣ бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиби консертиро пешниҳоди ҳозирин намуд.