Таҳти раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Қубодиён, раиси ноҳия муҳтарам Файзуллозода Зафар Хайрулло иҷлосияи 19, даъвати панҷум баргузор гардид.
Масъалаҳои баррасишавандаи ин иҷлосия рафти иҷрои Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия, рафти иҷрои барномаҳои соҳаи кишоварзӣ ва баррасии одоби вакилонро дар бар мегирифт.
Ҳамчунин дар ин иҷлосия аз ҷониби Комиссия оид ба баррасии пешакии масъалаҳои вобаста ба номгузорӣ ва тағйир додани номи маҳалҳои аҳолинишини назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён пешниҳод дар бораи тағйир додани номи маҳалҳои аҳолинишин ва ҳудудҳои марзиву маъмурӣ, ки ба талабти қонунгузории кишвар мувофиқ нестанд, инчунин номгузорӣ намудани маҳалҳои нави аҳолинишин ироа гардида, аз ҷониби вакилон дастгирӣ ёфт.
Аз ҷумла дар ин пешниҳод тағйир додани номи чор ҷамоат ва 24 деҳа ва як кӯча садо дод, ки гуфта мешавад, номҳои нав тибқи тавсияи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудаанд.