Дар асоси дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон гурӯҳи корӣ ҷиҳати омӯзиши вазъи соҳаи тандурустӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят сафарбар карда шуданд.
Тибқи ин супориш гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо роҳбарии сардори Раёсати тандурустии вилоят Раҷабзода Миралӣ аз муассисаҳои тандурустии ноҳия дидан намуд.
Вобаста ба натиҷаи боздид аз муассисаҳои тандурустии ноҳия дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо кормандони соҳаи тиб ва о иштироки раиси ноҳия вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар ин вохӯрӣ Раҷабзода Миралӣ, сардори Раёсати тандурустии вилоят баромад намуда, вобаста ба ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин супоришҳои дахлдор дода шуд.