Дастаи футболбозони “Пахакор”-и ноҳия дар доираи Чемпионати Ҷумхурии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи дуюми вилояти Хатлон дар майдони худ бо дастаи “Сарбанд”-и шаҳри Левакант вохӯрӣ анҷом дода дастаи “Сарбанд”-ро бо ҳисоби калон 8:2 шикаст дод.
Ҳисобро дар дақиқаи 8-ум Ҳафизов Нуриддин боз намуда, қисмати якуми бозӣ бо ҳисоби 4:0 ба нафъи “Пахтакор” ба поён расид.
Дар қисмати дуюми бозӣ низ дастаи “Пахтакор” дар баробари ду голи ҳариф 4 гол ба дарвозаи “Сарбанд” ворид намуда, бозиро бо ҳисоби 8:2 ба нафъи худ анҷом доданд.
Дар ин бозӣ Ҳафизов Нуриддин муаллифи 4 гол гардид.
Гуфта мешавад, ин се.мин бозии дастаи “Пахтакор” дар доираи Чемпионати Ҷумхурии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи дуюми вилояти Хатлон буда, бозии навбатии дастаи ноҳия рӯзи 25 июн бо дастаи “Шоҳин”-и ноҳияи Муъминобод сурат мегирад, ки дар он дастаи “Пахтакор” мизбон хоҳад буд.