Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия ярмаркаи ҷойи кори холӣ доир намуд.
Тавре Ойдиной Авазалиева, сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия изҳор дошт, дар ин ярмарка зиёда аз сад ҷойи кори холӣ аз тарафи 13 ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ пешкаши корҷӯён карда шуд.
Дар ин чорабинӣ Маркази омӯзиши калонсолони ноҳия бо мақсади ҷалби сокинон ба ҳунаромӯзӣ дар ярмарка ширкат намуда, дар курсҳои омӯзишии ин марказ 15 нафар ҷиҳати аз худ намудани ҳунари бофандагӣ номнавис карда шуданд.
Гуфта мешавад, шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия дар давоми сол 7 маротиба ярмарка доир намуда, даҳҳо нафар дар ин ярмаркаҳо соҳиби ҷойи кор гардиданд.