Ивази номҳои ғайримеъёрии маҳалҳои аҳолинишин ва эҳёи номҳои таърихӣ аз талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” мебошад.
Дар ин бора Гавҳар Шарофзода, раиси кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як мулоқот бо масъулини татбиқи қонуни мазкур дар ноҳия изҳор дошт.
Мақсади вохӯрӣ бо мутасаддиёни татбиқи Қонуни ҶТ “Дар бораи забони давлатӣ” баррасии рафти иҷрои қонуни мазкур, барқарорсозӣ, ҳифзи номҳои таърихӣ ва ивази номҳои ғайримеъёрии маҳалҳои аҳолинишин буда, оид ба масъалаи мутобиқсозии номҳои маҳал ба талаботи қонунгузории кишвар машварати корӣ доир карда шуд.
Дар ин машварат Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳои худро оид ба номгузории маҳал ва ҳифзу эҳёи номҳои таърихии он ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳия пешниҳод намуд.