Дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии Фестивали ҳунарҳои мардумӣ сокини ноҳия Абдуғаффор Мирзоев иштирок намуда аз рӯйи ҳунари каҷкорӣ ҷойи дуюмро касб намуд.
Ин озмун таҳти унвони “Кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва кундалнигорӣ” дар ду марҳила баргузор гардида, дар даври якуми он, ки дар сатҳи вилоят доир гардид, Абдуғаффор Мирзоев мақоми аввалро соҳиб шуда буд.
Бо мақсади қадрдонӣ аз дастоварди ҳунарманд ва ҳавасмандгардонӣ раиси ноҳияи Қубодиён муҳтарам Зафар Файзуллозода дар ҳузури фахолони ноҳия ба номурда барои даствардҳояш изҳори миннатдорӣ намуда, кайд намуд, ки барои ҳунармандон бо шарофати дастгириҳои Роҳбарияти давлат ва Ҳукумат тамоми шароити корӣ муҳайё карда шуда, барои муаррифии маҳсули ҳунарди дастии сокинони ноҳия тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешавад.