БОЙГОНӢ ОИНАИ ТАЪРИХ АСТ

Бойгонӣ яке аз зерсохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо буда, дар нигоҳ доҳтани ҳуҷҷатҳои расмии ташкилоту муассисаҳо нақши муҳим мебозад. Маҳз тавассути истифодаи ҳуҷҷатҳои бойгонӣ мо метавонем бо таърихи гузаштаи асил ва бою рангин ошно гардем.

20190607_100151.jpgБойгонии байниидоравӣ ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсӣ дар ноҳияи Қубодиён фаъолияти худро дар меҳрвари “Барномаи рушди кори бойгонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2020” ба роҳ монда, ҳанӯз соли 1992 тасис ёфтааст.

Айни замон шабакаи фонди бойгони 43 (фонд) ва 21 128 парванда аз 43 ташкилоту муассисаҳо ва хоҷагиҳои ноҳияро нигоҳдорӣ менамояд.

Бойгонии байниидоравии ноҳия соли гузашта 323 адад дархости шаҳрвандони ҷумҳурӣ, 58 адад пурсишҳои шаҳрвандони хориҷӣ, 21 нафар шаҳрвандон аз оилаҳои камбизоати ноҳия ба таври ройгон ва бе пардохти маблағ ҷавоб гардонидааст.

Бо назардошти буҳрони молиявию иқтисодӣ барои кумаку дастгирии идораи бойгонӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар соли 2016 ба хазинаи бойгонӣ 8 000 сомонӣ ирсол намуд. Бо истифода аз ин маблағ Идораи бойгонӣ як адад компютеру принтер дастгоҳи нусхаафзо, рафҳои ҳуҷҷатгузорӣ харидорӣ намуда, вазъи моддию техникии худро хеле беҳтар намуд.

Ҳолати Бойгонӣ то соли 2013Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муҳлатҳои ниҳоии дар бойгонии байниидоравӣ нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳо ва ба нигоҳдории давлатӣ супоридани онҳо” муҳлати охирини дар муассисаю ташкилотҳои ноҳиявӣ маҳвуз доштани ҳуҷҷатҳо 5 сол муқаррар гардидааст.

То соли 2013 Бойгонии байниидоравии ноҳия дар ҳолати ногувор қарор дошт. Тамоми ҳуҷҷатҳо дар рӯйи фарш хобида, рафҳо шикаста буданд.

Ҳамаи ташкилоту муассисаҳо ва хоҷагиҳои деҳқонӣ оид ба тартиб даровардани фаъолияти ҳуҷҷатгузорӣ, ҳифзи парвандаҳо ва ҳуҷҷатҳои шахсии кормандон ба идораи мо тибқи шартнома онҳо бояд ба бойгонии байниидоравӣ маблағи муайян гузаронида, ҳамзамон ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсиашонро барои нигоҳдории байниидоравӣ фаъолияти худро бо тарзи ҳисоби хоҷагӣ ба роҳ мондааст.

Дар мувофиқа бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарзи мутаммарказ таъмин намудани хизматрасонии нигаҳдории баҳисобгирӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсӣ дар муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳо” бояд ҳуҷҷатҳо 75 сол нигоҳ дошта шаванд. Баъди 75 сол бояд онҳо нобуд карда шаванд. Хурсандиовар аст, ки дар оянда бо ташкили Ҳукумати электронӣ имконият пайдо мешавад, ки ҳамаи ҳуҷҷиҳои ҳайати шахсӣ ва ҳуҷҷатҳои расмӣ тариқи электронӣ ба таври доимӣ нигоҳ дошта шаванд.

Кормандони бойгонии байниидоравии ноҳия аллакай 10 000 саҳифаро аз ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсии ташкилоту муассисаҳо ва ҳуҷҷатҳои расмӣ ба таври электронӣ гузаронидаанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоқикистон “Дар бораи хазинаи бойгонӣ” дар назди кормандони бойгонии байниидоравии ноҳия вазифаҳои нав ва масъулияти бештареро пеш мегузорад.

Онҳо бо дарки масъулияти баланд., меҳнати садоқатмандона, ҷиҳати ҷобаҷогузорӣ ва нигоҳдорӣ намудани ҳуҷҷатҳои дар хазинаи бойгонӣ буда, хизматрасониро ба мардум дар сатҳи баланд ба роҳ мемонанд.

Ҳамзамон дар доираи ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони идораи бойгонии ноҳия пайваста корҳои ободониро вусъат дода, симои бинои идора ва атрофи онро ободу зебо гардонидаанд.

 

Бойматов Олимҷон

директори Бойгонии ноҳия

Миёна: 5 (12 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.