БАРРАСИИ ВАЗЪИ КИШОВАРЗИИ НОҲИЯ

Дар Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлол таҳти раёсати муовини раиси вилояти Хатлон муҳтарам Зоҳирзода Умед вохӯрӣ бо кормандони соҳаи кишоварзӣ ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ баргузор гардид.

WP_20190601_14_41_52_Pro.jpgВохӯрии мазкур пас аз шиносоии гурӯҳии кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз рафти кишту кор дар саҳро, аз ҷумла нашъунамои пахта, вазъи ҷамъоварии хӯроки чорво ва боғдорӣ сурат гирифт.

Дар оғози маҷлис гузоришҳои намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ки иборат аз роҳбарони ташкилоту муассисаҳои соҳаи кишоварзии вилоят буданд, дар бораи рафти кишту кор, ҷамъоварӣ ва захираи хӯроки чорво ва парвариши боғҳо дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия шунида шуда, намояндагони вилоят тавсияҳои худро оид ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт ба масъулин пешниҳод намуданд.

WP_20190601_14_36_44_Pro.jpgСипас муовини раиси вилояти Хатлон муҳтарам Зоҳирзода Умед оид ба масъалаҳои мазкур масълини ноҳияро мавриди пурсиш қарор дод. Супориш дода шуд, ки камбудиҳои ҷойдошта дар кӯтоҳтарин муҳлат бартарф карда шуда, оид ба натиҷаи он ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ахборот манзур карда шавад.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.