Дар қасри фарҳанги ноҳия бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон чорабинии идона баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо намоиши ҳунарҳои дастии хурдсолон – тарбиятгирандагони боғчаҳои бачагона ва муассисаҳои таълимии ноҳия ва наққошии онҳо дар фарш ифтитоҳ гардид.
Зимни боздид аз ин намоишгоҳи ҳунар тамошобинон ба он баҳои баланд дода, ба ҳунари иштирокдорони он аҳсанд гуфтанд.
Дар ин чорабинӣ ҳозиринро муовини раиси ноҳия Тоҷинисо Шарипова ба ин муносибат табрик намуда, изҳор дошт, ки кӯдакон чароғи равшани ҳар хонадон мебошанд. “Дунёи рангини кӯдакӣ ҳар яки моро водор месозад, ки барои таъмини осоиштагии онҳо, фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишоф ва таълиму тарбияи кӯдакон аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда, тадбирҳои зарурӣ амалӣ намоем”, гуфт Шарипова.
Тавре қайд намуда будем, дар доираи ҳафтаи кӯдакону наврасон озмунҳои маҳорат аз ҷумла озмуни ихтироъкори беҳтарин, дастони моҳир, рассоми беҳтарин, сарояндаи беҳтарин ва ровии беҳтарин баргузор гардида буд.
Боғчаҳои бачагона низ дар ин давом барномаҳои ҷолиби идона ва чорабиниҳои ҷолиб баргузор намуда буданд.
Дар рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон ба ғолибони озмунҳои болозикр ва боғчаҳои бачагона тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Дар идома боғчаҳои бачагона ва бахши фарҳанги ноҳия композистияҳои театрӣ ва барномаи консертии ҷолибро пешкаши тамошобинони худрсол намуданд, ки он аз тарафи тамошобинон хеле хуб пазироӣ карда шуд.