ИДОМАИ ОЗМУНҲО ДАР БАЙНИ НАВРАСОНУ КӮДАКОН

Имрӯз дар қасри фарҳанги ноҳия дар доираи ҳафтаи кӯдакон ва наврасон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии муҳофизати кӯдакон озмунҳои сарояндаи беҳтарин ва ровии беҳтарин баргузор гардид. Дар он наврсон ва кӯдакон аз боғчаҳои бачагона ва муассисаҳои таълимӣ маҳорати ровигӣ ва сарояндагии худро ба намоиш гузошатнд, ки он писанди ҳозирин гардид.

55.jpgОзмунҳои мазкур тибқи қарори раиси ноҳия дар мавриди таҷлили Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон баргузор гардида, натиҷаи онҳо дар рӯзи иди кӯдакон дар ҳолати тантанавӣ эълон карда шуда, ба ғолибон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда мешаванд.

Қаблан дар Маркази таҳсилоти иловагии ноҳия миёни кӯдакон ва наврасон озмунҳои ихтироъкори беҳтарин, дастони моҳир ва рассоми беҳтарин баргузор карда шуд, ки онҳо низ дар доираи ҳафтаи кӯдакону наврасон сурат гирифтанд.

Дар ин бора Ҳақназарова Зуҳро сармутахассис – котиби Комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия – масъули ин чорабиниҳо иттилоъ дод.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.