Дар доираи ҳафтаи кӯдакон бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдак дар байни муассисаҳои таълимии ноҳия як қатор озмунҳои маҳорат баргузор гардид.
Рӯзи шанбе дар Маркази таҳсилоти иловагии ноҳия бо иштироки наврасону кӯдакони муассисаҳои таълимӣ тибқи қарори раиси ноҳия озмунҳои ихтироъкори беҳтарин, дастони моҳир ва рассоми беҳтарин доир карда шуд.
Озмунҳо дар сатҳи зарурӣ доир ва ҷамъбаст гардида, ғолибон аз ҷониби ҳакамон муайян карда шуданд.
Инчунин, қарор аст, тибқи нақшаи чорабиниҳо рӯзи душанбе, 27 май дар байни наврасон ва кӯдакон озмунҳои сарояндаи беҳтарин ва ровии беҳтарин дар қасри фарҳанги ноҳия баргузор карда шавад.
Ғолибони озмунҳо дар Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон, зимни баргузории чорабинии идона дар ҳолати тантанавӣ бо мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.