Дар толори қасри фарҳанги ноҳия чорабинии идона бахшида ба Рӯзи ҷавонон баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ муовини раиси ноҳия Тоҷинисо Шарипова суханронӣ намуда, тамоми ҷавонони ноҳияро ба ин сана табрику таҳният намуд. Шарипова Тоҷинисо зимни баромади худ изҳор дошт, ки имрўз љавонони мо њамчун нерўи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд. “Аз ин рў, њалли мушкилоту масъалањои њаёти наврасону љавонон самти стратегї ва афзалиятноки сиёсати иљтимоии давлат мебошад”, гуфт Шарипова Т.
Қайд гардид, ки дар ноҳия имрӯз беш аз 56 ҳазор ҷамон ба сар мебарнд ва дар тамоми соҳаҳои хоҷагии залқи ноҳия самимона фаъолият доранд. Аз ҳисоби ҷавонон 72 нафар дар мансаби роҳбарӣ кор мекунанд.
Дар рафти чорабинӣ ҷавонон баромад намуда, бо шукргузорӣ аз ваҳдату субот дар кишвар изҳор намуданд, ки имрӯз ҷавонон бо шарофати истиқлолият имкон доранд, ки дар раванди ташаккули ҷомеа пурра иштирок намуда, дар рушду пешрафти кишвар саҳмгузор бошанд.
Муовини раиси ноҳия Тоҷинисо Шарипова аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба 7 нафар ҷавони фаъол барои саҳми арзанда гузоштан дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ ва ба муносибати Рӯзи ҷавонон сипоснома тадқим намуд.
Чорабинии мазкур бо барномаи рангини консертии бахши фарҳанги ноҳия ҷамъбаст гардид.