Бо назардошти авзои имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва суръати баланди ҷаҳонишавӣ ҳамкории мақомот бо ҷомеа дар самти ҳифзи фарҳанг ва урфу одат, амният ва сулҳу субот зарур мебошад.
дар ин бора зимни баргузории маҷлиси якҷояи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ изҳор карда шуд.
Бо дар назардошти ҳолатҳои мазкур тибқи амри раиси ноҳия дар маҳалҳо гурӯҳҳои корӣ ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ-террористӣ, шахсони дар ҷустуҷӯ қарордошта, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳи оташфишон, ғасби замин, риояи қоидаҳои бехатарӣ аз байн бурдани ҳолатҳои ба бар кардани либосҳои ғайримиллӣ, мутобиқ будани симои зоҳирӣ ба ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, ба танзим даровардани либоси ягона дар марказҳои савдо аз ҳисоби кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилоту муассисаҳо ва шахсони бунуфуз таъсис дода шуд.
Ба қавли масъулин ҳадафи гурӯҳҳои корӣ гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо нафароне, ки аз таҳсили ғайрирасмии динии кишварҳои хориҷӣ баргардонида шудаанд, пайваста баргузор намудани суҳбату вохӯриҳо бо сокинони ҳудуди маҳал дар бораи дастовардҳои даврони истиқлол, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, тарғибу ташвиқи корҳои ободонию бунёдкорӣ, даъвати шаҳрвандон ба корҳои хайру саховат, ташкили чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва варзишӣ, тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, истеъмоли маводи мухаддир, даст задан ба ҷиноят мебошад.