Мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳои ҷаласаи Шӯрои роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсуси давлатҳои иштирокдори ИДМ

21.05.2019 10:14, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми ифтитоҳи ҷаласаи 46-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти амниятӣ ва хадамотҳои махсуси давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз ба роҳбарияти кишварҳои ИДМ барои ҳамкорӣ ва саҳми муносиб дар таҳкими амнияту суботи давлатҳои ҳамдигар изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

Тавре таъкид карда шуд, ҷаласаи навбатии роҳбарони мақомоти амниятӣ ва хадамотҳои махсуси давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шароити ниҳоят мураккаби авзои сиёсию амниятии минтақавию байналмилалӣ баргузор мегардад ва рушду тавсеи бештари ҳамкориҳои давлатҳои аъзои иттиҳодро дар самти таъмини амнияту суботи минтақа тақозо менамояд.

Бо ёдоварӣ аз вазъи мураккаби сиёсию амниятии Афғонистон ва кишварҳои Шарқи наздик Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки мутаасифона имрӯз терроризми байналмилалӣ ба як ҷузъи бозиҳои геополитикӣ табдил ёфта, торафт доираи бештари қаламрави давлатҳои гуногунро фаро мегирад. Дар ҳамин замина дар сарҳади ҷанубии ИДМ мунтаззам иқтидори ташкилоту созмонҳои террористию экстремистӣ таҳким ёфта, хатари онҳо ба амнияту суботи минтақа бештар мегардад ва боиси таассуф ҳам ҳаст, ки дар баробари ин дар муносибат бо ин гуна ташкилоту созмонҳои террористию экстремистӣ аз ҷониби кишварҳои алоҳида сиёсати «меъёрҳои дугона» истифода гардида, онҳо аз лиҳози сиёсӣ, ахлоқию идеологӣ ва муҳимтар аз ҳама ба таври моливу молиявӣ дастгирӣ карда мешаванд.

Тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, фаъол гардидани гурӯҳҳои террористӣ дар солҳои охир ба амнияту суботи давлатҳои алоҳидаи минтақа ва дар маҷмуъ ба амнияти ҷаҳонӣ таъсири номатлуб расонда, ҷомеаи башариро ба хатарҳои маргбор ру ба рӯ мегардонад.

Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хатари терроризму экстремизми байналмилалӣ дар сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон, ки марзи ҷанубии ИДМ ба ҳисоб меравад ва масофаи тулониро дар бар мегирад афзоишёбанда буда, барои пешгирӣ аз ҳама гуна зуҳуроти номатлуби аср дар ин минтақаи сарҳадӣ ҳамбастагию ҳамкории пайваста ва кумаку дастгирии ҳамдигарии давлатҳои ИДМ нақши калон дошта метавонад. Яъне Тоҷикистон дар хати пеши мубориза ба терроризму ҷинояткории муташаккили фаромилӣ қарор дорад ва пайваста барои пешгирии ин хатарҳои маргбор ба амнияту суботи худ ва давлатҳои минтақа тадбирҳои амалӣ меандешад.

Сарвари давлат доир ба муҳимияти тадбирҳои Тоҷикистон дар мубориза ба терроризму экстремизми байналмилалӣ, ҷиноятҳои муташаккил ва қачоқи ғайриқонунии маводи мухаддир сухан гуфта, таъкид доштанд, ки ин тадбирҳо дар оянда низ тақвият бахшида шуда, ба терроризму экстремизми байналмилалӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби аср дар мамлакат мубориза беамон бурда мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз афзоиши амалаҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои террористию экстремистӣ бо истифода аз шабакаҳои интернетию ҷиноятҳои киберӣ ва афзоиши хатари гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ки яке аз манбаҳои асосии маблағгузории терроризм ба ҳисоб меравад бори дигар изҳори нигаронӣ намуда, аз иштирокчиёни ҷаласа барои тавсеаи ҳамкорӣ ва тақвияти муборизаи беамон дар ин самт даъват ба амал оварданд.

Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуданд, ки роҳбарони мақомоти амниятӣ ва хадамотҳои махсуси кишаврҳои аъзои ИДМ минбаъд низ барои таҳкими иқтидору имкониятҳои зидди террористию экстремистӣ ҳамбастагию дастгирии ҳамдигариро тақвият бахшида, бо истифода аз имконоту иқтидори давлатҳои худ дар таъмини амнияту суботи минтақа ва давлатҳои қаламрави иттиҳод саҳми муносиб мегузоранд.

http://president.tj/node/20201

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.