Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар шоҳроҳи марказӣ Бахшида ба Рӯзи ҷавонон чорабинии варзишии “Дави миллӣ” бо иштироки беш аз 2,5 ҳазор нафар сокинон баргузор гардид.
Қабл аз шурӯи чорабинӣ иштирокчиёнро дар майдони назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия раиси ноҳия Зафар Файзуллозода ба муносибати Рӯзи “Дави миллӣ” табрик гуфта, изҳор дошт, ки дави миллӣ ба яке аз мусобиқаҳои анъанавии ҷумҳуриявӣ табдилёфта, сол аз сол бо афзудани нуфузи ин мусобиқа хоҳишмандон баҳри иштирок дар он зиёд мегарданд. “Ин чорабинӣ баҳри оммавӣ гардонидани варзиш, ташкили мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, ҳавасмандии ҷавонони ҷасуру чолок, варзишгарони соҳибифтихори Ватан ва тарбияи насли наврас дар доираи Рӯзи ҷавонон гузаронида мешавад”, гуфт раиси ноҳия.
Чорабинӣ аз рӯйи синну сол ҷинси иштирокдорон сурат гирифта, ба ғолибони он ифтихорнома тақдим карда шуд. Ҳамчунин др ин рӯз марафони велосипедронӣ бо иштироки 200 нафар ҷавонон баргузор карда шуда, ғолибон соҳиби мукофот гардиданд.