Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи раиси вилояти Хатлон оид ба вохӯрии раисони шаҳру навоҳии вилоят бо донишҷӯёни шаҳру ноҳияҳои худ, имрӯз 17 май раиси ноҳия Зафар Файзуллозода бо донишҷӯёни ноҳияи Қубодиён, ки дар муассисаҳои олии касбии шаҳри Душанбе таҳсил доранд, вохӯрӣ доир намуд.
Раиси ноҳия зимни вохӯрӣ, ки дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид, иброз дошт, ки даврони донишҷӯӣ айёми муҳими таълиму тарбия, имконияти бузург барои саводомӯзӣ ва худшиносиву ҷаҳоншиносӣ буда, дар ташаккул ва такомули маънавии ҳар фард нақши асосӣ мебозад.
Қайд гардид, ки дар ноҳия барои таъмини хатмкунандагони муассисаҳои олӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҷомеа, аз ҷумла соҳаҳои илму маориф, хизмати давлатӣ ва ғайра шароитҳои мусоиди кору фаъолият муҳайё карда шуда, ба кадрҳои ҷавону боистеъдод имтиёзу имкониятҳои иловагӣ пешбинӣ карда шудааст.
Бинобар ин, раиси ноҳия изҳор намуд, ки ҷавонон бояд таваҷҷӯҳи худро пурра ба дониш андӯхтану аз худ намудани касб равона намуда, аз ҳар гуна фикру ақидаҳои номатлуб парҳез намуда, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.
Дар ин вохӯрӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба донишҷӯёне, ки тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти кишвар таҳсил карда истодаанд, кумаки молиявӣ расонида шуд.
Ҳамчунин ба даҳ нафар донишҷӯ барои интизоми намунавӣ, дониши хубу аъло ва барои иштирок дар чорабиниҳои ҷамхиятӣ сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тақдим карда шуд.
Донишҷӯён низ дар ин вохӯрӣ бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу ваҳдат аз дастгириҳои давлат ва Ҳукумати кишвар изҳори сипос намуда, қавл доданд, ки таҳсил дар донишгоҳро бо сари баланд ва дониши комил ба анҷом расонида, касбу малакаи омӯхтаи худро барои соҳаҳои хоҷагии залки кишвар равона месозанд.