АНСАМБЛИ ОИЛАВИИ НОҲИЯ ДАР ФЕСТИВАЛИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Ансамбли оилавии Гадоевҳои ноҳияи Қубодиён, ки ғолиби даври ноҳиявӣ ва вилоятӣ дар Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавии таҳти унвони “Дунёи саодат” гардида буданд, ба дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар баробари 12 ансамбли оилавӣ аз саросари кишвар дар даври ҷумҳуриявӣ ширкат намуданд.

Даври ҷумҳуриявии Фестивал санаи 15 май дар толори Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор гардид.

Барои иштирок ба ансамли оилавии Гадоевҳо диплом ва тӯҳфаҳои арзанда – рубоб ва таблак тақдим намуданд.

111.jpgҲамчунин Мирзода Ҷамшед – сарояндаи Маркази фарҳангию фароғатии Носири Хусрав, узви оилаи Гадоевҳо сазовори Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.

Ёдовар мешавем, ки дар фестивали гузашта ансамбли оилавии Гадоевҳо дар даври ҷумҳуриявӣ соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардида буд.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.