Дар қасри фарҳанги ноҳия бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила маҳфили оилаҳои намунавӣ баргузор гардид.
Дар ин маҳфил, ки бо ташаббуси бахшҳои кор бо занон ва оила ва фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор гардид, оилаҳои шоистаи ибрат аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иштирок намуда, аз таҷрибаи рӯзгордории худ ва сирри хушбатӣ ба ҷавонон баҳри ибрат омӯхтан қисса намуданд.
Дар фарҷоми маҳфил ба ин оилаҳо аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдик карда шуда, баҳри болидахотирии аҳли толор барномаи ҷолиби консертии бахши фарҳанги ноҳия доир карда шуд.