Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи раиси вилояти Хатлон дар саросари вилоят барномаи консертии Муасисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дорад.
Рӯзи 10 май Оркестри беш аз шастнафараи симфонӣ бо иҷрои асарҳои нодир сокинони ноҳияро шод намуд. Беш аз понздаҳ асари композиторон ва оҳангсозони машҳури дохил ва хориҷи кишвар дар репертуари оркестри давлатӣ садо дода, сарояндагони ҷавони хушовоз ва сарояндагони саршиноси кишвар чун Ҳасан Ҳайдар дар ҳамовози бо тамошобинон сурудҳои беҳтарини худро сароиданд.
Гуфта мешавад, ин аввалин сафари ҳунарии Оркестри симфонӣ тайи чанд соли охир ба ноҳия буда, сокинон аз тамошои ҳунарнамоии мутрибону навозандагон ва сарояндагони жанрҳои классикӣ лаззат бурда, бо дили гарм онҳоро истиқбол намуданд.