ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА ИДИ ЗАФАР

Бахшида ба ҷашни 74-умин солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ноҳия як қатор чорабиниҳои тантанавӣ ва идона баргузор гардид.

20190508_160308.jpgБа муносибати иди зафар роҳпаймоӣ доир намуда, ба хотири гиромидошти хотираи нафароне, ки аз ҷанг барнагаштаанд, дар назди оташи абадӣ гулчанбар гузошта, аз корнамоиҳои қаҳрамононаи фарзандони тоҷик дар ин набарди таърихӣ ёдоварӣ карда шуд.

Ҳамчунин дар қасри фарҳанги ноҳия ба мносибати ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ чорабинии идона ва тантанавӣ доир гардид. дар ин чорабинӣ раиси ноҳия Зафар Файзуллозода тамоми сокинони ноҳияро бо иди Зафар табрик намуда, изҳор дошт, ки  иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ мисли шоҳсутуне мебошанд, ки ҷомеаи моро мустаҳкам нигоҳ дошта, насли ҷавонро барои вориси асили бузургмардони гузашта гардидан омода месозанд. Корнамоии онҳо баҳри ҳимоя ва ҳифзи хоки Ватан, барои тарбияи ватандӯстии насли наврасу ҷавон як китоби пурарзиши панду ҳикмат буда, ҳар як сатри он роҳкушо ва роҳнамои насли ояндаи кишвар мебошад.

Қайд гардид, ки рӯ овардан ба саҳифаҳои ибратбахши таърихи халқи тоҷик ва омӯхтани корнамоиҳои фарзандони далеру шуҷои Ватан барои таҳкими амну оромии ҷомеа, мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ ва миллатгароиву наҷодпарастӣ ниҳоят муҳим мебошад.

20190508_161642.jpgДар фарҷом бахши фарҳанги ноҳия барои ҳозирин барномаи ҷолиби консертиро пешниҳод намуд.

Гуфта мешавад, имрӯз дар ноҳия ду нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба сар мебаранд ва онҳо пайваста таҳти ғамхорӣ ва нигоҳубини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор доранд.

Ёдовар мешавем, ки дар арафаи иди зафар раиси ноҳия ҳамроҳ бо намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз манзили истиқоматии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дидан намуда, туҳфаҳои молиявӣ ва модии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияро ба онҳо тақдим намуданд.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.