Дар арафаи таҷлили 74-умин солгарли ғалаба бар фашизм тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии собиқадорони ҷангу меҳнат раиси ноҳияи Қубодиён Зафар Файзуллозода аз вазъи шароити иштирокчиёни ҷанги бузурги ватанӣ ҳамроҳ бо намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дидан намуданд.
Зимни боздид намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Хоркашев Маҳмуд, сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилоят паёми табрикотии раиси вилоят ва кумаки яквақтаинаи вилоятро ба онҳо супорид.
Ҳамчунин раиси ноҳия ҷанговарони Ҷанги Бузурги Ватаниро ба муносибати 74-умин солгарди ғалаба табрик намуда, ба иштирокчиён аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия кумаки яквайтаинаи молиявӣ ва моддӣ расонида шуд.
Гуфта мешавад, айни ҳол дар ноҳия ду нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ - Тошматов Мамат аз деҳаи Миршикор ва Қурбонгелдиев Давлат аз деҳаи Саидназар Худоиқулов ба сар мебаранд ва саломатии онҳо мӯътадир арзёбӣ карда мешавад.
Бояд гуфт, ки қаблан аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ кумаки яквақтаи молиявӣ дастрас гардида буд.