Бо мақсади баррасии дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ҳифзи робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ вохӯрии гурӯҳи кории таблиғотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо сокинони Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлол баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ қайд карда шуд, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кишварҳои ҳамсоя равобити ҳасана барқарор шуда, муносибатҳои дуҷониба ва дар доираи ташкилоту созмонҳои минтақа ин кишварҳо дар ҳама самт амал менамояд.