
Раиси ноҳияи Қубодиён муҳтарам Зафар Файзуллозода дастаи варзишгарони ноҳияро, ки дар мусобиқаи кушоди байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе соҳиби ҷойҳои сазовор гардида буданд, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳузури фаъолон табрик намуда, барои дастовардҳояшон изҳори миннатдорӣ намуд. Ҳамчунин бо нишони қадрдонӣ ва ҳавасмандгардонӣ ба варзишгарон ва мураббиён аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тӯҳфаҳои молиявӣ тақдим карда шуд.
Раиси ноҳия зимни суханронӣ изҳор дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо пайравӣ аз иқдомҳои наҷиби Сарвари давлат дар соҳаи варзиш нисбат ба варзишгарон пайваста ғамхорӣ зоҳир намуда, барои рушди ин соҳа дар ноҳич тамоми чораҳои зарури роҳандозӣ менамояд.
Гуфта мешавад, аз 19-21 апрели соли 2019 дар шаҳри Душанбе Чемпионати кушоди ҶТ оид ба намуди Таэквондо (ИТФ) баргузор гардид, ки дар ин мусобиқа варзишгарон аз 6 кишвар даъват шуда буданд.
Дар ин мусобиқа дастаи ноҳия иборат аз 10 нафар варзишгар иштирок намуда, дар вазнҳои гуногун соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд.
Аз ҷумла Садиров Меҳрулло дар вазни 45 кг ба рақиби худ аз шаҳри Душанбе дар даври ниҳоӣ голиб омада сазовори ҷойи аввал гардид.
Ҳамчунин ду варзишгари ноҳия Маҳмудзодаи Маҳмадшариф ва Муҳриддинов Маҳмадёнус дар мусобиқаи байналмилалӣ аз намуди гӯштини юнону румӣ иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм гардиданд.