Таҳти ҳамин унвон санаи 27 апрели соли равон, тибқи нақшаи чорабиниҳои муштараки Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия бо иштироки зиёда аз 200 нафар ҷавонони бонангу номуси ноҳия аксияи тозигии муҳит ташкил ва баргузор карда шуда, шоҳроҳи маркази ноҳия аз партовҳо ва алафҳои бегона тоза карда шуда, зери дарахтон нарм карда шуд. Инчунин волонтёрони назди бахш дар рафти аксия ба сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди тозагии муҳити зист гузаронида, иқдом гирифтанд, ки ҳар рӯзи шанбе барои ободу зебо гардонидани ин гӯшаи ҷумҳурии азизамон саҳми худро гузоранд.