Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ситоди Комиссияи даъвати ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Комиссияи даъвати вилоятӣ, муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабалӣ Раҷабов ва комиссари ҳарбии вилоят Куганзода Ҳаким баргузор гардид.
Дар рафти маҷлис масъалаҳои марбут ба рафти даъвати баҳорӣ, мушкилӣ ва камбудиҳои ҷойдошта баррасӣ гардид.
Қайд гардид, ки ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар ин самт бо масъулин ҳамкориро ба таври лозимӣ ба роҳ намондаанд, ки ин боиси кашолакории рафти давъват гардидааст.
ба масъулин оид ба иҷрои катъии нақшаи даъват дар муҳлати муайянгардида супориш дода шуда, фаъолон ва шахсони мӯътабари маҳал, аз ҷумла раисони маҳалла ва имомхатибон барои ҳамкорӣ ва мусоидат даъват карда шуданд.