ПЕШГИРИИ ПАҲНШАВИИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ – СОЛИМИИ ҶОМЕА

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯрии гуруҳи кории тибқи нақшаи чорабинии прокуратураи вилояти Хатлон таъсисдодашуда бо кормандони соҳаи тиб, сартарошхонаҳо ва кошонаи ҳусн баргузор гардид.

WP_20190418_10_26_24_Pro.jpgВохӯрии мазкур таҳти раёсати сардори Раёсати тандурустии вилоят Маллазода Саъдулло баргузор гардида, намояндаи прокуратураи вилоят Султонзода Баҳодур вобаста ба шарҳу эзоҳи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан намуда, оид ба фаъолияти шаффоф ва оинномавии табибон таъкид намуд.

Номбурда зимни суханронӣ доир ба тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ маълумот дода, таъкид дошт, ки нисбат ба вайронкунандагони талаботи қонун дар ин самт татбиқи қонун сангинтар гаштааст.

Бо муроҷиат ба табибоне, ки гирифтани хун ва дигар амалиётҳои ҷарроҳи сари кор доранд, ин чунин ба сартарошон ва ороишдиҳандагони мӯю бадан таъкид карда шуд, ки зимни иҷрои вазифа аз асбобҳои якдафъаина ва ё шахсии беморону муштариён истифода намуда, аз истифодаи чандинкаратаи асбобҳо худдорӣ намоянд.

Дар ин чорабинӣ ҳамчунин намояндаи Раёсати хадамоти назорат дар соҳаи тандурустӣ ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят вобаста ба сифати дорувориҳо ва вазъи санитарию гигиении муассисаҳои тандурастӣ ва марказҳои хизматрасонӣ иттилоъ дода, аз табибон даъват карда шуд, ки бобати масъалаи мазкур бетарафӣ зоҳир накунанд.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.