Дар қасри фарҳанги ноҳия фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ таҳти унвони “Дунёи саодат” баргузор гардид.
Рафти баргузории озмунро намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Иброҳимов сармутахассиси Раёсати фарҳанги Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ назорат ва баҳогузорӣ намуд.
Ин марҳила даври якуми озмун буда, дар он оилаҳои санъаткори ноҳия, аз ҷумла ансамбли оилаи Гадоевҳо аз рӯйи 11 номинатсия – суруди якка, навозиши умумӣ, лапар, рақси умумӣ ва ғайра баромад намуданд.
Интизор меравад, даври дуввуми фестивал – даври ҷамъбастии он моҳи май дар филармонияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор гардад, ки дар он ғолибони даври якум ширкат хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки дар фестивали гузашта ансамбли оилавии Гадоевҳо дар даври якум ғолиб омада, дар даври ҷумҳуриявӣ соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардида буд.