Бар асоси дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз рӯзи 8 то 17 январи соли 2018 аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, воситаҳои ахбори омма ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ гурӯҳҳои таблиғотӣ оид ба шарҳу эзоҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба шаҳру ноҳияҳои вилоят сафарбар карда шудаанд.
Бо ҳамин ҳамин мақсад гурӯҳи корӣ бо роҳбарии ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Зариф Ализода, бо иштироки мушовири ректори Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав Ҳасан Муродиён ва декани факултети таърих ва ҳуқуқи ин Донишгоҳ Аҳлиддин Саидмуъминов ба ноҳияи Қубодиён ташриф оварданд.
Ҳамчунин дар ҳайати гурӯҳ роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи раиси ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва роҳбароини ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ шомил буданд.
Гурӯҳи мазкур бо ҳамаи қишрҳои аҳолӣ дар ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот ва ташкилоту муассисаҳо вохӯрӣ доир намуда, мӯҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба сокинон шарҳу эзоҳ доданд.
Ёдовар мешавем, ки аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён низ, тибқи Амри раиси ноҳия ҷиҳати шарҳу эзоҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, аз ҷониби гурӯҳи мазкур вохӯриҳо доир ба фаҳмонида додани мӯҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони ноҳия ҷараён дорад.