Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия натиҷагирӣ ва ҷамъбасти рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар давоми се моҳи соли равон таҳти раёсати раиси ноҳия Зафар Файзуллозода баргузор гардид.
Вобаста ба вазъи иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар ин давраи ҳисоботӣ муовини раиси ноҳия Тоҷинисо Шарипова гузориш дод.
Қайд гардид, ки дар натиҷаи амал намудани тадбирҳои иловагӣ дар самти татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ ва истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ пешрафти минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин карда шуд, ки он пеш аз ҳама дар афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ, саноатӣ, нақлиёт, савдо, хизматрасонӣ, баландшавии музди миёнаи меҳнат ва маблағгузориҳо тақвият бахшида, дар семоҳаи аввали соли 2019 соҳаҳои зиёди хоҷагии халқи ноҳия нишондодҳоро бо натиҷаҳои хуб ҷамъбаст намуданд.
Дар маҷлиси ҷамъбастии ноҳия намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоқикистон Мирзозода Абдусалом ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Маллазода Саъдулло ишрок намуда, оид ба фаъолияти соҳаҳои гуногуни хоҷагии залқи ноҳия дар давоми се моҳи соли равон андешаронӣ намуда, оид ба ислоҳи камбудиҳо супоришҳои дахлдор дода шуд.