Дар қатори дигар соҳибкорони шаҳру навоҳии вилоят Сафарова Макнуна молики кошонаи ҳусни “Орзу” аз ноҳия ғолиби озмуни вилоятии "Ободгари Ватан" дониста шуда дар ҳолати тантанавӣ аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо сипоснома ва ҷом сазовор гардонида шуд.
Гуфта мешавад, кошонаи ҳусни “Орзу” ҳамчун иншооти ҷашнӣ дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия оид ба ободонӣ ва омодагӣ ба таҷлили ҷашни сисолагии Истиқлолияти давлатии Ҷқмҳурии Тоҷикистон, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар муҳтарам Тағойзода Сумангул Саид ва раиси ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда буд.
Кошонаи “Орзу” бо сохти замонавӣ бунёд шуда, дорои таҷҳизоти ороишии муосир мебошад.
Маросими тақдими ифтихорномаҳо ва ҷоизаҳо дар маҷлиси ҷамъбастии натиҷаи рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон сурат гирифт, ки тибқи қарори раиси вилояти хатлон аз 12 феврали соли 2019, №41 озмуни вилоятии “Ободгари Ватан” мунтазам зимни маҷлисҳои ҷамъбастии рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят баргузор гардида, ғолибон дар ҳолати тантанавӣ бо сипоснома ва ҷоизаҳо қадрдонӣ карда мешаванд.
Озмун бо мақсади беҳтар намудани шароити зисту зиндагии маишии аҳолӣ, суръат бахшидан ба корҳои ободонию бунёдкорӣ, ободу зебо гардонидани кучаю деҳаҳо, фароҳам овардани шароити мусоид ба соҳибкорон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ҳавасманд гардонидани онҳо, ки дар ободии маҳалли худ саҳм гузоштаанд, гузаронида мешавад.