Ҳамарӯза даҳҳо нафар алоқамандони осори бостонӣ ва ёдгориҳо аз осорхонаи кишваршиносӣ ва таърихи ноҳия дидан енамоянд.
Осорхонаи ноҳия 1988 таъсис ёфта дорои 4 ҳуҷра – бостоншиносӣ, таърих ва ҳунар, ганҷинаи Ҳаким Носири Хусрав ва ҳуҷраи мардумшиносӣ мебошад. Дар ҳуҷраи бостоншиносии осорхона нигораҳо ва бозёфтҳо аз ёдгории таърихии Тахти Сангин нигоҳдорӣ мешавад, ки аксари онҳо нодир буда, дар дигар осорхонаҳо ёфт намешаванд. Оид ба дигар ёдгориҳои таърихии ноҳия дар ҳуҷраи таърих ва ҳунар маълумот ва эскпонатҳо ҷойгир карда шудааст.
Ҳуҷраи Ҳаким Носири Хусрав оид ба ҳаёт ва фаъолияти ҳаким ва файласуфи шарқ Носири Хусрав маълумот медиҳад ва ҳуҷраи мардумшиносӣ ба олоти касбу кори гуногуни сокинони ноҳия бахшида шудааст.
Ҳамасола теъдоди боздидкунандагони осорхона аз дохилу хориҷи кишвар афзоиш меёбад, ки он дар пайи тасмими хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эълон гардидани соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва солҳои 2019 – 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ” амалӣ гардида истодааст.
Осорхона ба сайёҳон оид ба мавзеъҳо ва ёдгориҳои таърихии минтақа метавонад маълумоти дақиқ пешниҳод намояд.